Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Натиҷаи пурсиш: аксари русиягиҳо Манижаро намешиносанд

© Sputnik / Максим БлиновРоссийская певица Манижа Сангин
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Натиҷаи пурсиш нишон дод, Манижа Сангин - овозхони тоҷики муқими Маскав дар Русия он қадар машҳур нест
ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Нашрияи "ФедералПресс" ҳисоб кард, ки чанд нафар овозхон Манижа Сангинро мешиносанд.
Певица Манижа на интервью - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Ман ба касе бадӣ накардаам: Манижа бори аввал вокунишҳои шадидро нисбаташ шарҳ дод
Аз хонандагони нашрия хоҳиш карда шуд, ки ба саволи "оё Манижа дар озмун пирӯз хоҳад шуд?", посух гӯянд.
Се ҷавоби имконпазир мавҷуд буд: "Бале, ӯ овози зебо дорад", "Не, дигар кас бояд фиристода шавад", "Ман ҳатто намедонам, ки ӯ кист".
Зиёда аз нисфи пурсидашудагон посух доданд, ки онҳо бо фаъолияти Манижа ошно нестанд.
Блогери машҳури рус сабаби интихоб шудани Манижаро гуфт
Тақрибан сӣ фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки мебоист каси дигаре ба Евровидение фиристода мешуд.
Ва танҳо 18% иштирокчиёни пурсиш фикр мекунанд, ки Манижа метавонад дар Eurovision 2021 пирӯз шавад.
"Ришу мӯйлаб монад": Кортнев гуфт Манижа бояд дар саҳна "чӣ гуна" бошад
Ёдовар мешавем, ки зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин дар марҳилаи интихобии Евровидение-2021 пирӯз шуд ва барои намояндагӣ аз Русия ба Роттердам хоҳад рафт.
Суруд, ки бо омезиши жанрҳо ва бо забонҳои гуногун иҷро шудааст, ҷомеаро ба ду гурӯҳ тақсим кард.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Онҳое, ик ҳунарнамоиро шадидан танқид кард ва онҳое, ки сарояндаро ҳимоят карданд. Дар омади гап, ба тамошобинони хориҷӣ ин видео писанд омад - онро аллакай зиёда аз 3 миллион бор тамошо кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала