Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад

© Sputnik / Густаво Вальенте / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от коронавируса в Испании
Вакцинация от коронавируса в Испании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Кишварҳои Аврупо пай дар пай эмкунӣ алайҳи коронавирусро аз ваксинаи сохти бритониёӣ ва шведии AstraZeneca, ки аввали моҳи март ба Тоҷикистон омада буд, қатъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Якчанд кишвари Аврупо моратория ба ваксинаҳои AstraZeneca ҷорӣ карданд ва ТУТ дар бораи бехатарии он мубоҳисаро оғоз кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Тоҷикистон интизори воридоти беш аз ним миллион ваксинаи коронавирус дар моҳи май аст
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аллакай тавассути механизми COVAX AstraZeneca -ро қабул кардааст.
Гурӯҳи аввалаш рӯзи 8 март ба Душанбе оварда шуд, аммо то ҳол касе санаи оғози эмгузарониро эълон накардааст.
Дар ҳоли ҳозир Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Нидерланд, Дания, Ирландия, Булғористон, Латвия, Португалия, Словения, Эстония ва Кипр бо мақсади эҳтиёт ваксинзаниро бо доруи бритониёӣ ва шведии AstraZeneca боздоштанд.
Агентии дорусозии аврупоӣ дар якҷоягӣ бо ТУТ имрӯз дар ин бора ҷаласаи фаврӣ баргузор мекунад, зеро маҳз АДА барои истифодаи AstraZeneca дар Иттиҳоди Аврупо иҷозат додааст.
Ҳамин тариқ, мақомоти Олмон бо тавсияи Пажӯҳишгоҳи Пол Эрлих, ки гардиши доруҳоро назорат мекунад, истифодаи ин ваксина дар кишварро муваққатан қатъ кард.
Times: Олмон ваксинаи "Спутник V"-и Русияро эътироф кард
Агентии давлатии доруҳои Латвия хабар дод, ки кишвар истифодаи ваксинаи COVID-19 AstraZeneca-ро то аниқ кардани таъсири он ба саломатии беморон комилан қатъ кардааст.
Қаблан, додситонии шаҳри Биеллаи Итолиё пас аз марги як омӯзгори мусиқии 57-сола, ки бо ин дору эм шуда буд, як бастаи ваксинаи коронавирусии AstraZeneca-ро мусодира карданд.
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
Маъмурияти миллии доруҳо ва маҳсулоти саломатӣ Infarmed Португалия пас аз ду ҳолати вокуниши номатлуб ба ин дору истифодаи ваксинаи AstraZeneca - ро боздоштааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи оғози эмгузаронӣ бо доруи бритониёӣ ва шведӣ изҳори назар накардааст.
Хотиррасон мекунем, ки бастаи аввалин иборат аз 192 ҳазор вояи ваксина тавассути ҳавопаймои махсуси Сомон Эйр аз Деҳлӣ интиқол дода шудааст.
Мутахассисони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфтанд, ки дар чорчӯби ин механизм Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад ва дар назар аст, ки эмкунии 20% аҳолии кишварро дар бар гирад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
Пеш аз ҳама, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бояд эм карда шаванд, ки ба онҳо шахсони аз 70-сола боло, шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайри сироятӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва низомӣ дохил мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала