Баррасии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон дар мулоқоти Ализода бо ҳайати Роспотребнадзор

© Министерство здравоохранения РТВстреча заместителя министра здравоохранения Таджикистана с представителями Роспотребнадзора
Встреча заместителя министра здравоохранения Таджикистана с представителями Роспотребнадзора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Намояндагони “Роспотребнадзор”, ки шоми гузашта вориди Душанбе шуданд бо намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи эпидемиологиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ бо Кедрова Олга Викторовна, Шарова Ирина Николаевна, Марсоха Кирилл Сергеевич, намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Рeсия "Микроб"-и "Роспотребнадзор" мулоқот кардааст.
Дворец нации в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Ҳайати Роспотребнадзор вориди Душанбе шуд: тафсилоти боздид аз Тоҷикистон
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, мутахассисони кишвари Русия ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
Зимни вохурӣ, ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд, афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ки сафари кории намояндагони "Роспотребнадзор" дар Тоҷикистон то 19 марти соли равон дар назар буда, дар ин муддат онҳо аз як қатор озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид хоҳанд кард.
Вазорат дар бораи ҷузъиёти мулоқот иттилои бештаре надодааст.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон субҳи имрӯз гуфт, ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар мебошад.
Центр контроля качества в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2020
Роспотребнадзор гуфт, кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи COVID-19 идома медиҳад
Гуфта мешавад, ин сафари ҳайати Русия имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.
Фаъолияти коршиносони Русия дар Тоҷикистон ба таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои номбаршуда дар ҳамкории зич бо ҳамкасбони тоҷикашон равона карда мешавад. 
Дар Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст ва раисиҷумҳур низ эълон кард, ки кишвар орӣ аз ин беморист.
Ёдовар мешавем Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ қаблан гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки  мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала