Коҳиши якбораи евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Бонки Миллии Тоҷикистон бори дигар евроро дар баробари сомонӣ поин овард ва мавқеи рубли русӣ ва долларро тақвият дод
ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Дар Тоҷикистон поинравии пули аврупоӣ идома дорад, ки аз ҳафта ба ҳафта коҳишиёбиро нишон медиҳад.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Коршинос гуфт, кадом вақт бояд фавран аз доллар халос шуд
Имрӯз, тибқи таблои БМТ, қурби расмии евро ба сатҳи соли гузашта 13,49 сомонӣ расид, гарчанде моҳи март барои ин асъор аз 13,68 сомонӣ ба ивази як евро оғоз ёфта буд.
Паc аз ҳолатҳои ноустуворӣ асъори Русия, рубл бошад тақвият ёфт ва ҳоло барои ҳазор рубл 153 сомонӣ арзиш дорад.
Доллар бошад пайваста мӯътадил аст.
БМТ қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1545 - 0,1575 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1575 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1545 то 0,1580 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Пешгӯии босуръати болоравии доллар дар ҷаҳон
Ин ниҳод инчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳама гуна амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала