Номҳои нав: қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар Данғара, Фархор ва Ҷ.Балхӣ

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонМаҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ
Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аз пешниҳоди вакилони халқии вилояти Хатлон барои тағйири номи бархе минтақаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Фархор, Данғара, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷонибдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат ва пешниҳоди вакилони Хатлон, дар ноҳияи Данғара номи деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз карда шудааст.
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Раиси Кумита сабаби тағйири номи қуллаҳо дар Помирро гуфт
Дар ноҳияи Фархор номи деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз карда шуд.
142 сол пас: пешниҳоди номгузорӣ кардани Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бар асоси қарори Ҳукумат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи деҳоти Узун ба Золи Зар, деҳоти Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд.
Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, деҳоти Бобоюнус номи Чилчаҳ ва деҳоти Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.
Ҳукумат тағйироти мазкурро барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала