Деҳлӣ мизбони чемпионати Осиё мешавад

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё ё худ "АSBC" дар Ҳинд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Шаҳри Деҳлӣ ҳамчун мизбони Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё ё худ "АSBC" тасдиқ карда шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Мехрубон Сангинов против Куинси Лавалле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат
Ба иттилои Кумита, ин чорабинӣ аз 21 то 31 майи 2021 баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба ҳам хоҳад кард.
Интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии “KH Jadhav”, ҷои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон дар соли 2018, сурат гиранд.
Чемпионати гузаштаи Осиё оид ба бокс соли 2019 дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, ки дар он варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.
Ин сабқат ду моҳ қабл аз олимпиадаи тобистона баргузор мегардад. Бозиҳои олимпӣ дар Токио рӯзи 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио оғоз хоҳанд шуд. Бозиҳои олимпии Токио-2020 то 8 августи соли 2021 идома хоҳанд дошт.
Феълан ду варзишгари Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала