Савронбӣ маъшуқаш - Ғафурҷони 22-соларо кушт: шарҳи ВКД

© МВД РТАрест женщины, убившей своего парня
Арест женщины, убившей своего парня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Савронбии Файзуллои 27 соларо бо иттиҳоми куштори маъшуқаш боздошт кардааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодисаи куштор санаи 11 марти соли ҷорӣ сар задааст
Женские ноги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2020
Хиёнати Мавлюда ба ивази 5 сомонӣ: қатли ҳамзист, ки ҳамхобагиро дид
Ба иттилои манбаъ, бо ворид шудани хабари телефонӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур оид ба ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидани сокини ҳамин ноҳия Талабов Ғафурҷони 22-сола аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шудааст.
Манбаъ мегӯяд, гумонбари ин ҷинояти сангин дар як муддати кутоҳ дастгир карда шуд.
"Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғафурҷон пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум мезанад, ки дар натиҷа охирон аз зарбаҳои гирифтааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,- афзудааст манбаъ.
Ба чуқурӣ тела доду буғӣ кард: қатли бераҳмонаи зан аз ҷониби шавҳар
ВУД мегӯяд, прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Феълан назари бевоситаи худи айбдоршаванда ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала