Ҳайати Роспотребнадзор вориди Душанбе шуд: тафсилоти боздид аз Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДворец нации в городе Душанбе
Дворец нации в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Имрӯз 16 март як ҳайати вижаи Роспотребнадзор вориди Тоҷикистон шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳайате аз Институти таҳқиқотии зидди вабои Русия "Микроб" -и Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Роспотребнадзор) ба Душанбе омад.
Центр контроля качества в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2020
Роспотребнадзор гуфт, кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон дар мубориза алайҳи COVID-19 идома медиҳад
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар мебошад.
Гуфта мешавад, ин сафари ҳайати Русия имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятиро, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ фароҳам меорад.
Фаъолияти коршиносони Русия дар Тоҷикистон ба таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои номбаршуда дар ҳамкории зич бо ҳамкасбони тоҷикашон равона карда мешавад. 
Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки  бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ин ҳайат ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон меояд.
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Оё дар баҳор парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад: посухи мутахассис
Дар Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст ва раисиҷумҳур низ эълон кард, ки кишвар орӣ аз ин беморист.
Ёдовар мешавем Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон низ қаблан гуфта буд, ки аз Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон як комиссияи босалоҳият меояд ва дар сурати тасдиқи набуди СОVID-19 дар ҷумҳурӣ масъалаи вуруди шаҳрвандони кишвар ба Русия бознигарӣ хоҳад шуд.
“Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд”, - гуфт вазири меҳнати Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки  мутахассисони Роспотребнадзори Русия барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия баррасӣ мешавад.
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Бар асоси додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон сар аз аввали сол кишвар орӣ аз бемории коронавирус аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала