Теъдоди кормандони Маҷлиси намояндагон зиёд карда шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Теъдоди кормандони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зиёд карда шуда, ба 181 воҳиди корӣ расонда шудааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Бар асоси тағйироте, ки ба қарор дар бораи басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромаду хароҷоти Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст, теъдоди кормандони палатаи поёнии парлумон афзоиш ёфт.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2020
Тасдиқи смета: Маҷлиси миллӣ солона чанд миллион хароҷот дорад?
Тибқи тағйирот, шумораи кормандони Маҷлиси намояндагон аз 176 воҳиди корӣ ба 181 воҳиди корӣ зиёд гардид. Таъкид шудааст, ки 5 воҳиди кории иловагӣ ба бахшҳои  ҳуқуқу робитаҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотию нашр ва шуъбаи молия вобаста карда шудаанд.
Қарори Ҳукумат: "лимит"-и нав дар теъдоди тими Рустами Эмомалӣ
Дар баробари ин, Маҷлиси намояндагон инчунин ҳайати техникию хизматрасонӣ дорад, ки теъдодашон ба 165 нафар баробар мебошад.
Дар мавриди сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дода шуд, ки имсол тағйирот пешбинӣ нашуда, ҳамоно 52 воҳиди корӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала