Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тоҷикистон нақша дорад тайи се сол истеҳсоли маҳсулоти саноатиро 40% афзоиш диҳад

© PixabayГрафик
График - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Тоҷикистон ният дорад, ки дар се соли оянда истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 40% афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 52,7 миллиард сомонӣ (тақрибан 4,6 миллиард доллар) расонад.
Саноаткунонии ҶТ: то соли 2021  чӣ корҳо сурат гирифтааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Рушди саноати Тоҷикистон то соли 2021
Ҳамин тариқ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар назар аст дар Тоҷикистон беш аз 21,8 миллиард сомонӣ ё 41,6% зиёдтар аз соли 2020 афзоиш ёбад.
Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон, дар давоми соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сатҳи 13,8% пешбинӣ шудааст.
Соли 2022 афзоиши истеҳсолот 14%, ва дар соли 2023 - 15,6% ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30,8 миллиард сомонӣ (беш аз 2,7 миллиард доллар) -ро ташкил дод.
Бахши саноати Хатлон 10 миллион сомонӣ қарзи маош дорад
Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар охири соли гузашта ба ҳисоби миёна беш аз 3,2 ҳазор сомониро ташкил дод.
То соли 2030 ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ҷумҳурӣ бояд то 21% афзоиш ёбад.
Азми Вазорати саноат барои таъсиси Шӯрои рақамисозӣ дар Тоҷикистон
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон асосан ба се бахш - истихроҷи маъдан, барқ ​​ва хӯрокворӣ асос ёфтааст. Ғайр аз ин, саноати сабук, сохтмон ва мошинсозӣ саҳми назаррас доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала