Даҳ сол пас аз ҷанг - наворҳои Ҳумси харобшуда дар Сурия

Обуна шудан
Ҳавопаймои бесарнишин Ҳумси харобшударо дар даҳумин солгарди оғози ҷанг дар Сурия сабт кард. Видеоро бубинед, ки шаҳри як замон шукуфон ҳоло дар чӣ ҳол қарор дорад
Даҳ сол пеш дар Сурия амалиётҳои ҷангӣ оғоз ёфта буданд. Дар солгарди сар задани ҷанг ҳавопаймои бесарнишин харобшавии азим дар яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвар Ҳумсро ба навор гирифт.
Русия чӣ гуна ба Сурия кӯмак мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Миллион шаҳрванди Сурия дар интизори об: Русия чӣ гуна ба онҳо кӯмак мекунад - навор
Дар видео нишон дода шудааст, ки шаҳр то чӣ андоза хароб шудааст: баъзе қисматҳои он пас аз даргириҳо ва гулӯлаҳо ҳанӯз хароб шудаанд.
Вилояти Ҳумс дар соли 2018 аз ҷангиён озод карда шуд ва барқарорсозии шаҳр то ба имрӯз идома дорад.
Даҳ сол қабл дар ҳамин моҳ, эътирозҳои демократияхоҳон пас аз чанд давлати дигар дар Сурия низ сар зад ва пас аз саркуби гирдиҳамоиҳо аз ҷониби низомиёни ҳукуматӣ он ба ҷанги дохилӣ табдил ёфт.
Дар ин даҳсола Сурия майдони муборизаҳо ва ташаккули гуруҳҳои терристӣ аз қабили ДИИШ (фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнуъ) гардид, ки хунхориву харобкориҳои зиёдро дар пай дошт.
Ба ҳайати гуруҳҳои террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон низ зиёд шомил шуданд, ки пасон иддае пушаймон шудаву баргаштанд, қисман фавтиданд. Ҳамзамон ҳоло низ дар урдугоҳҳои Сурия занону кӯдакони тоҷик ҳастанд, ки ахиран Вазорати корҳои хориҷа гуфт талош дорад то имсол онҳоро ба ватан орад. 
Тоҷикистон беш аз 200 шаҳрвандашро аз Сурия меорад: вазир гуфт, баъзе омадан намехоҳанд
Тибқи гузоришҳо, хунинтарин замон дар нооромиҳои Сурия соли 2014 гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳо беш аз 67 ҳазор нафар қатл шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0