https://sputnik-tj.com/20210316/tojiri-shinokhta-Tojikiston-bemorkhona-bistari-aks-1033008566.html
Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс
Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс
Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон, ки дар ҳолати бехудӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар бистарӣ шуда буд, рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T13:05+0500
2021-03-16T13:05+0500
2021-03-16T13:15+0500
бемор
чеҳраҳои шинохта
соҳибкор
тоҷикистон
рӯйдодҳо
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/17/1032324767_0:19:3051:1745_1920x0_80_0_0_ab40ff56bd97d4afd56f921111ed03d8.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Файзуллоев, ки асосан тиҷоратҳояшро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, бар асари сакта дар беморхона бистарӣ шудаст.Ба иттилои наздикон, феълан ҳолаш хуб буда, гап мезанад ва вазъаш рӯ ба беҳбудӣ мебошад.Нусратулло Файзуллоев аз оилаҳои серфарзанди зодаи ноҳияи Данғара буда, солҳои 80-уми асри гузашта ба Бохтар кӯчид ва тайи даҳсолаҳои охир тиҷоратҳои гуногун аз қабили заминкорӣ, истироҳатгоҳ ва корхонаи нассоҷиро роҳандозӣ кардааст.Ӯ молики корхонаи "Ресанда"- и шаҳри Бохтар мебошад, ки соли 2013 бо харҷи 6,5 миллион доллар онро навсозӣ карда, бо иқтидори бештар фаъол намуд. Тавре котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, президент Эмомалӣ Раҳмон, дар маъракаи фаъолсозии корхонаи таҷдидшудаи "Ресанда" аз Нусратулло Файзуллоев тавсиф карда, ӯро намунаи ибрат хонда буд.Соли гузашта номи ин соҳибкори шинохта ба далели даҳҳо миллион сомонӣ қарзи як корхонааш аз андоз расонаӣ шуда буд. Мақомоти андози Хатлон хабар дода буданд, ки корхонаи "Ресанда", аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилоят аз андоз 27,8 миллион сомонӣ қарздор аст.Худи соҳибкор дар мавриди ин хабарҳо изҳори назаре накарда буд.
https://sputnik-tj.com/20210216/Parda-Alimardon-barodari-Murodal-Alimardonov-bozdosht-shud-1032832362.html
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/17/1032324767_0:0:3051:1919_1920x0_80_0_0_6739dacf8d0dffe239a8c9569c4eebdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бемор, чеҳраҳои шинохта, соҳибкор, тоҷикистон, рӯйдодҳо, ҳамаи хабарҳо
Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс
13:05 16.03.2021 (Навсозишуда: 13:15 16.03.2021) Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон, ки дар ҳолати бехудӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар бистарӣ шуда буд, рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Файзуллоев, ки асосан тиҷоратҳояшро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, бар асари сакта дар беморхона бистарӣ шудаст.
Ба иттилои наздикон, феълан ҳолаш хуб буда, гап мезанад ва вазъаш рӯ ба беҳбудӣ мебошад.
Нусратулло Файзуллоев аз оилаҳои серфарзанди зодаи ноҳияи Данғара буда, солҳои 80-уми асри гузашта ба Бохтар кӯчид ва тайи даҳсолаҳои охир тиҷоратҳои гуногун аз қабили заминкорӣ, истироҳатгоҳ ва корхонаи нассоҷиро роҳандозӣ кардааст.
Ӯ молики корхонаи "Ресанда"- и шаҳри Бохтар мебошад, ки соли 2013 бо харҷи 6,5 миллион доллар онро навсозӣ карда, бо иқтидори бештар фаъол намуд. Тавре котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, президент Эмомалӣ Раҳмон, дар маъракаи фаъолсозии корхонаи таҷдидшудаи "Ресанда" аз Нусратулло Файзуллоев тавсиф карда, ӯро намунаи ибрат хонда буд.
Соли гузашта номи ин соҳибкори шинохта ба далели даҳҳо миллион сомонӣ қарзи як корхонааш аз андоз расонаӣ шуда буд. Мақомоти андози Хатлон хабар дода буданд, ки корхонаи "Ресанда", аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилоят аз андоз 27,8 миллион сомонӣ қарздор аст.
Худи соҳибкор дар мавриди ин хабарҳо изҳори назаре накарда буд.