Баретский Лозаро барои танқиди суруди Манижа ба дуэл даъват кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкШоумен и музыкант Станислав Барецкий
Шоумен и музыкант Станислав Барецкий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Узви собиқи гурӯҳи "Ленинград" ғайриинтизор ба ҳимои зодаи Тоҷикистон Манижа бархоста, яке аз мунтақидони ӯро ба дуэл даъват кард
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Барои ҳимоят аз Манижа Сангин (Манижа) овозхони зодаи Тоҷикистон,  ба таври ғайриинтизор шоумен Стас Баретский бархост.
Певица Manizha Манижа Сангин (Хамраева)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Бадтар аз коронавирусу кризис: посухи танзомези Манижа ба мунаққидонаш - видео
Вай овозхон Юрий Лозаро ба ринг даъват кард, ки борҳо дар бораи номувофиқ будани Манижӣ барои Евровидение - 2021 назарҳо додааст.
"Умуман мехоҳам ӯро ба ринг даъват кунам, агар бихоҳад, омодаам бо ӯ мубориза барам. Вай нахӯди пеши қошуқ шудааст. Ӯ овозхонеро, ки бояд аз Русия баромад кунад, таҳқир мекунад. Ман фикр кунед, бигзор баромад кунад”, - гуфт собиқ иштирокчии гурӯҳи “Ленинград” дар муколама бо нашрияи Gazeta.SPb.
Баретский инчунин қайд кард, ки бо Лоза ташкили дуэл душвор нахоҳад буд, зеро онҳо "тақрибан дар як вазнанд".
Ёдовар мешавем, қаблан бисёриҳо бар он буданд, ки Русияро дар Евровидение - 2021 гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунад, ки Баретский бо он дар навори таронаи Rock-Paper-Scissors кор кардааст, аммо онҳо эълон карданд, ки имсол дар ин чорабинӣ ширкат нахоҳанд кард.
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Дар ниҳоят санаи 8 март дар як овоздиҳии миллӣ миёни се ҳунарманд Манижа Сангин, овозхони рус ва зодаи Тоҷикистон ғолиб омад.
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
Дар пайи пирӯзии мавҷи вокунишҳои манфӣ болояш рехтанд, аммо будан ҳунамандону намояндагони ҷамъятӣ ва журналистон, ки аз ӯ пуштибонӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0