Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонк6244337
6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи ин нишондод арзиши рубли русӣ каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 17 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1546 сомонӣ нишон дода шудааст, ки ин нисбат ба ду рӯзи қаблӣ ду сомонӣ боло рафтааст.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Коршинос гуфт, кадом вақт бояд фавран аз доллар халос шуд
Имрӯз, тибқи таблои БМТ, қурби расмии евро ба сатҳи соли гузашта 13,48 сомонӣ расид, гарчанде моҳи март барои ин асъор аз 13,60 сомонӣ ба ивази як евро оғоз ёфта буд.
Доллар бошад устувориро дар бозор нигоҳ медорад. БМТ қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1545 - 0,1575 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1575 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1545 то 0,1580 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъори хориҷиро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муайян мекунад.
Пешгӯии босуръати болоравии доллар дар ҷаҳон
Ин ниҳод инчунин ҳушдор медиҳад, ки ҳама гуна амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0