Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дастури шаҳрдорӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ бо пешпардохт

© Sputnik Игорь ЛекаркинТакую картину раньше можно было увидеть у многих столичных многоэтажек
Такую картину раньше можно было увидеть у многих столичных многоэтажек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, зимни баррасии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар пойтахт барои пурра гузаштан ба низоми биллингӣ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи вакилони халқии пойтахт имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва сабти биною иншооте, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе гузаронда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Счетчики электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2020
Пули барқ тариқи биллинг: нозирон ихтисору ҷамъоварӣ бештар мешавад
Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор ниҳодҳои марбутаро барои ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволи фурӯхташуда ва иҷора, таъмини бақайдгирии пурраю дурусти амвол муваззаф кардаанд.
Дар мавриди бино ва иншооте, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисию таҷҳизонидани корхонаҳои коммуналӣ чораандешӣ карда шавад.
Солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ аз дастурҳои дигаре будаанд, ки шаҳрдорӣ ба мақомоти дахлдор додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала