Даъвати 100 ҳазор зан ба хизмати ҳарбӣ дар ИМА: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 17 марта
День 17 марта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи 17 март дар Тайланд- Рӯзи бокси миллии Муай Тай мебошад. Зимнан, дар ин рӯз Соли 1941 дар ИМА 100 ҳазор нафар зан ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд.

Рӯзи 17 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 баъди эътирозҳои донишҷӯён Ҳукумати Испания Донишгоҳи Мадридро баст.
День 16 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Зодрӯзи Абдуҷаббор Раҳмонов: имрӯзи таърих
Соли 1941 дар ИМА 100 ҳазор нафар зан ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шуданд.
Соли 1992 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Африқои Ҷанубӣ ба ҷонибдории Конститутсияи нав овоз доданд, ки он ба шаҳрвандони сиёҳ ва сафед ҳуқуқи баробар медод.
Соли 1950 дар бораи кашфи аломати 98-уми ҷадвали химиявии Менделеев- калифорний хабар дода шуд.

Рӯзи 17 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии об ба шаҳри Киотои Япония сафар кард.
Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.
День 15 марта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Кашфи нафт дар Арабистон, таъсиси тими "Ливерпул" ва зодрӯзи Талбак Назаров: имрӯзи таърих
Соли  2011 вазири вақти дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар ҷаласаи навбатии вохӯрии вазирони мудофиаи давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд.
Соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Вена Тоҷикистон шарҳи ҳолатҳои мухаддиротии мамлакатро муаррифӣ намуд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум суханронӣ намуданд.
Соли 2016 дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расид.
Соли 2016 дар шаҳри Абу-Дабӣ бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 17 март

  • Дар Тайланд- Рӯзи бокси миллии Муай Тай.

Рӯзи 17 март кӣ ба дунё омадааст

Абдуқодир Бобиев (1960) – доктори илми биологӣ, профессор.
Обидҷон Бобоҷонов (1942) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Иброҳим Ғаниев (1938)- рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Ҷӯра Инъомзода (1943)- арбоби давлатӣ.
Маъруфҷон Қодиров (1970) – доктори илми тиб.
Сергей Кутин (1906- 1964)- меъмор.
Мусофиршо Маликов (1934 – 1993) – актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Сафол Мӯсоев (1964)- доктори илми дорўшиносӣ.
Раҳим Ҳайдар (1923 – 1985) – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Галина Савелова (1921) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Эҳсон Субҳон (1946) – нависанда.
Арон Трейвас (1901 – 1983) – доктори илми техникӣ.
Лентаи хабарҳо
0