Қарзи “Агроинвестбонк” тоҷири дигарро ба зиндон кашид: чаро Акбар Ҳакимов ҳабс шуд?

© Sputnik Амир ИсаевАгроинвестбанк, архивное фото
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Акбар Ҳакимов, яке аз тоҷирони маъруфи Тоҷикистон, беш аз 1 сол мешавад, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Ӯро низ парвандаи “Агроинвестбонк” ба коми худ кашидааст
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Акбар Ҳакимов, директори генералии ду ширкати бузург – “Ганҷи ҳилол” ва “Спитамен текстайлз” беш аз як сол аст, ки дар боздоштгоҳ аст ва парвандааш ҳамоно таҳқиқ мешавад.
Як манбаъ огоҳ аз қазия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф моҳи марти соли 2020 дар робита ба қарзҳои ширкатҳояш ӯ ба бинои “Агроинвестбонк” даъват шуд, то бо кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мулоқот кунад.
“Аз ҳамон ҷо ӯро бурданд ва баъд маълум шуд, ки ӯ боздошт шудааст”, - гуфт ин манбаъ.
Сулаймон Султонзода, директори Агентии мазкур, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз парвандаи ҷиноятии шахсони масъули “Агроинвестбонк” ва гуруҳи ширкатҳои “Баракат”, “ХИМА”, Ҳолдинги “Ганҷ”, “Хуҷанд Инвест Коттон” ва “Коттон Текстайл” ба таври умумӣ суҳбат карда, аз ошкоршавии ғайримақсадноки истифодаи қарзҳо ва тасарруфи миллионҳо сомонӣ хабар дода буд.
Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс
“Ин ширкатҳо бо ҳамдастии масъулини “Агроинвестбонк” хилофи талаботи “Дастурамали Бонки миллӣ дар бораи тартиби додани қарзу ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ” қарз гирифтаанд. Бахусус дуруст муайян накардаанд, ки вазъи молиявию пардохтпазирии мизоҷ чӣ гуна аст ва ба таври зарурӣ амволи гарав низ баҳогузорӣ нашудааст, аммо қарзи муҳлатноки бонкӣ додаву маблағҳои бузург тасарруф шудаанд”, - гуфт Сулаймон Султонзода.
Ӯ мушаххас гуруҳи ширкатҳои “Хуҷанд Инвест Коттон”-ро, ки соли 2010 аз “Агроинвестбонк” 41,3 миллион сомонӣ қарз гирифта, 31,5 миллиони онро тасарруф намудаанд, мисол овард ва гуфт, алайҳи Муқим Неъматов, директори генералӣ ва чор масъули дигари гуруҳи ширкатҳои “Хуҷанд Инвест Коттон” парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаву тафтиши пешакӣ идома дорад.
Ҳамчунин тафсилот дар бораи ҳолдинги “Ганҷ” ва моликаш Акбар Ҳакимов ҷое ироа нашуд.

Ботлохи “Агроинвестбонк”

Дар иртибот бо “Агроинвестбонк” фақат Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 11 парвандаи ҷиноӣ боз карда, 9 парванда алайҳи 19 нафар пас аз барқарор кардани як қисмати маблағҳои қарзӣ ва татбиқи санади авф қатъ ва ду парванда алайҳи 5 нафар ба судҳо ирсол шудаанд.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, кори бақия ширкатҳои вомонда дар ботлохи қарзҳои “Агроинвестбонк”, аз ҷумла ҳолдинги “Ганҷ”-и Акбар Ҳакимов, низ ба ҳамин иттиҳомот мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифтаанд.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд
Ин парвандаҳо аксаран аз рӯи банди 3 – и моддаи 246 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон “тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда” боз шудаанд. Ин банд як гуна ташдиди ҳукми ду банди пешии ин модда (тасарруфи якдафъина ва такрории “гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ” ва “ба миқдори калон”) буда, ин ҷиноятро “ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок” –и  “ба миқдори махсусан калон” аз сӯи “гурўҳи муташаккил” таъриф мекунад. Ҷазо ҳам аз 87 ҳазору 600 то 131 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима, ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол пешбинӣ шудааст.
Ду парвандае, ки ниҳоӣ шуданд, бино ба иттилои Суди олии Тоҷикистон, яке ба Исматулло Ҳаёев, мудири кулли ширкати “ХИМА” ва дигаре, Илҳом Шарбатов, маъруф ба “Илҳом Командир”, мудири кулли ширкати “Котонтекстайл” рабт доранд, ки аввалӣ, барои тасарруфи 80 миллион сомонӣ ба 11 ва дуввумӣ, барои " 6,4 миллион сомонии "Агроинвестбонк" 9 сол зиндонӣ шудаанд.
Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот
Парвандаи Акбар Ҳакимов дар кадом гӯшаи ин ботлох аст ва бо гузашти бештар аз як сол ҳатто ба суд нарафтааст? Ин суолҳо посухи худро надоранд. Он чӣ аз мақомот шунида мешавад, танҳо ин аст, ки тафтиши пешакӣ ҳанӯз идома дорад.

Писари “Дости Бурут”

Акбар Ҳакимов, яке аз тоҷирони бузурги Тоҷикистон аст, ки асосан дар соҳаи саноати кишоварзӣ фаъолият мекунад. Ӯ 26 майи 1963 дар деҳаи Мулло Туғмаи ноҳияи Файзобод, дар хонаводаи Дӯстмурод Ҳакимов, мулаққаб ба “Дости Бурут” ва соҳибкору асппарвари маъруфи Тоҷикистон буд, таваллуд шудааст.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Собиқ раиси "Агроинвестбонк" дар дуздии 37 миллион муттаҳам мешавад
Акбар Ҳакимов дар гузашта дар вазифаҳои муовини вазири ғаллаи Тоҷикистон (1996-97), муовини раиси ширкати давлатии холдингии "Ғалла", директори генералии Комбинати орди ноҳияи Нов, ҳоло Спитамен (1998—2001) ва дигар корхонаву вазоратҳо кор кардааст. Ду дафъа ҳам вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №11 – и Файзобод интихоб шудааст ва як бор ордени Шараф (дараҷаи II) – ро низ камоӣ кардааст.
Аввалин фаъолиятҳояш дар тиҷорати бузург бо роҳандозии ширкати "Гулистон"-и ноҳияи Спитамен ба солҳои 90 – ум рост меояд. Аз соли 2010 директори генералии ҳолдингии "Ганҷ" интихоб шуд, ки чандин корхонаи нассоҷиву орду равған ва пахтаро дар саросари Тоҷикистон муттаҳид намуда, ӯро дар раддаи бузургтарин соҳибкорон қарор дод.
Соли 2017 ӯ корхонаҳояшро ба ду ширкати бузург – “Ганҷи ҳилол” ва “Спитамен текстайлз” ҷудо намуд. Аввалӣ ҳолдинги “Ганҷ” (Душанбе), ҶДММ “Мурғи ҳилол”,  ҶДММ “Мурғи марҷон” (Файзобод), ҶСК “Хоҷа Мастон” (Кӯйбишев), ҶДММ “Орди Нов”, ҶДММ “Спитамен ойл” (Спитамен), ҶДММ “Паррандапарвар – 2” (Ҷаббор Расулов) ва дуввумӣ ҶСК Хоҷагии аграрии “Гулистон”, ҶСК “Пахтаи Нов” ҳарду дар Спитаменро муттаҳид мекунанд.
Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара
Корхонаи сеюми ӯ ҶДММ “Ҳабиб” ном дорад, ки низ бо коркарди пахта машғул аст ва дар шаҳри Конибодом қарор дорад.
Аз ин ҳама ҳоло фақат ду корхона - “Хоҷа Мастон” (мурғпарварӣ) ва “Орди Нов” фаъол нестанд.

“Империяи агросаноатӣ”

Манобеъи мо мегӯянд, Акбар Ҳакимов низ миёни солҳои 2005-2010 рӯ ба қарзҳои “Агроинвестбонк” овард. Ӯ он замон тасмим гирифт, ки дар ноҳияи Спитамен корхонаҳои равғанбарориву коркарди пахтаро асрисозӣ ва ҳам мурғхонаҳои харобшудаи Файзобод - «Заводи мурғи зотии Гумбулоқ»-ро, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15 сол кор намекард, барқарор кунад.
Ба ин хотир, ӯ аз “Агроинвестбонк“ ҳудуди 150 миллион сомонӣ қарз гирифт ва ин тарҳҳоро бо муваффақият ба анҷом расонд. Маълум нест, ки барои кадом тарҳаш ӯ чӣ қадар маблағ харҷ кардааст, аммо бо пули қарз ӯ технологияҳои навтаринро ворид карда, корхонаи “Спитамен ойл”, “Спитамен – текстайлз”, “Мурғи ҳилол” ва “Мурғи марҷон” – ро азнавсозӣ кард.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Собиқ роҳбари "Агроинвестбонк" боздошт шуд
Дар пайи ин ҳолдинги “Ганҷ” ба яке аз бузургтарин тавлидкунандагони равғани тасфияшудаи хӯрокӣ, нахи пахта ва тухми кишвар табдил ёфт. Мурғхонаҳои ӯ пас аз соли 2012 ҳудуди 100 миллион дона тухм истеҳсол мекарданд, ки ҳудуди 25% - и ҳаҷми умумии тавлиди кишварро таъмин менамуд.
Як нафари огоҳ аз фаъолиятҳои ҳолдинг мегӯяд, он чӣ барои Акбар Ҳакимов пешбининашаванда буд, буҳрони иқтисодии солҳои 2012 – 2015 аст, ки имкон надод корхонаҳо ҳам ба пӯшиши хароҷот ва ҳам баргардонидани қарзҳо даст ёбанд.
“Вагарна тамоми асноди харҷи пулҳо, пардохтҳои гумрукӣ, шартномаҳо бо ширкатҳои хориҷӣ вуҷуд доранд. Маблағи қарзӣ дар ҷои худ ва ҳадафмандона сарф шудааст. Аммо буҳрон имкон надод, ки он баргардонида шавад. Тибқи қонунгузорӣ, худ барнагардонидани қарз ҷиноят аст. Аз сӯи дигар, ҳоло корхонаҳо бо як мушкил кори худро пеш мебаранд ва маблағе надоранд, ки ба бонк диҳанду раҳбарашон озод шавад. Вазъи имрӯзии иқтисодӣ ҳам маълум аст”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Талошҳои бебарор

Соли 2012 ҳолдинги “Ганҷ” як "Лоиҳаи рушди парандапарварӣ дар Тоҷикистон" - ро ба маблағи 75 миллион доллар ба Бонки рушди Авруосиё пешниҳод кард, ки истеҳсоли 12 ҳазор тонна гӯшти мурғу 200 миллион дона тухм дар як сол, корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, тавлиди барқ ва таъсиси 4000 ҷойи нави корро пешбинӣ мекард. Лоиҳаро бонк пазируфт, корхона аз сӯи яке аз “чаҳоргонаи бузург” – “Делойт Туш” аудити байналмилалӣ шуда, хулосаи мусбӣ гирифт.
Сотрудники птицефабрики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2020
Гӯшти мурғ арзон мешавад: дар Данғара бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ сохта мешавад
Ҷалби сармояи бузург дастҳои Акбар Ҳакимовро барои фаъолият боз мекард ва имкони баргардонидани қарзҳо низ фароҳам мешуд. Аммо ба далоили номаълум ин тарҳ ба ҷое нарасид.
Соли 2013 бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи “Мурғи ҳилол”, сердаромадтарин корхонаи ҳолдинги “Ганҷ” аз пардохти ҳама гуна андоз барои 12 соли оянда озод карда шуд. Аммо ин ҳам кӯмак накард.
Кор ба ин ҷо кашид, ки соли 2017 "Мурғи ҳилол" (Файзобод) ва корхонаи “Паррандапарвар-2” (Ҷаббор Расулов) - ду корхонаи бузургтарини мурғу тухми Тоҷикистон аз кор монданд, ки дар пайи он, бино ба иттилои расмӣ, воридоти гӯшти мурғ аз хориҷ қариб 40 фоиз ва воридоти тухм 6 баробар афзуд.
Соли 2018 ин ду корхона дигарбора ба кор шурӯъ карданд, аммо бо зарфияти хеле кам. Ба гунаи мисол, агар дар гузашта қариб 1 миллион мурғ доштанд, ҳоло ҳудуди 100 ҳазор доранд.
Яке аз охирин талошҳои Акбар Ҳакимов ҷалби сармоя ва технологияҳо ба “Спитамен Текстайлз” аз Кореяи Ҷанубӣ буд, ки ба ин манзур моҳи феврали соли 2020 бо раҳбари ширкати "Baoshan Tianfang Science and Technology LTD" дар Намоишгоҳи нассоҷии Истамбул вохӯрд ва ба тавофуқ расид. Интизор мерафт дар пайи ворид кардани технологияҳои ҷадид ва сармоя дукҳои ресандагии корхона аз 7560 ба 14000, содирот ва теъдоди кормандон дар “Спитамен Текстайлз” як баробар афзоиш дода шавад.
Аммо ин тарҳ низ дар нимароҳ монд. Дар пайи пандемияи “вируси корона” марзҳо баста шуданд. Ҳайати куриёӣ, ки ба Тошканд омада, мехост вориди Тоҷикистон шавад, раводид дарёфт карда натавонист. Кор ба як вақти номуайян ба таъхир афтод.
Ин замоне буд, ки Акбар Ҳакимов низ дар озодӣ набуд. 5 март ӯро боздошт карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала