Дар Хуҷанд “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд мегардад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВстреча участников молодежного фестиваля "Да здравствует дружба молодежи мира" в Нуреке
Встреча участников молодежного фестиваля Да здравствует дружба молодежи мира в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Мақомоти Суғд мегӯянд, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди Наврӯз макони махсус “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати Суғд, боғшаҳр дар “Майдони ситора”-ҳои шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад.
Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Тоҷикистониёнро дар Наврӯз борону жола ва раъду барқ интизор аст
Таъкид шудааст, иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, алҳол дар ин макон охирон корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодааст.
“Корҳои ороишии боғшаҳрро Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев бар уҳда дошта, дар ҳудуди “Боғшаҳри наврӯзӣ” аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта мешавад”, - тавзеҳ додааст ҳукумати Суғд.
Манбаъ афзуд, ки “Боғшаҳри наврӯзӣ” аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар ин мавзеъ ҳамзамон хаймаҳои наврўзӣ ташкил гардида, тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба фурўш гузошта хоҳанд шуд.
Ҳукумати Суғд мегӯяд, идоми мазкур бо мақсади фароҳамсозии шароити созгор барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз амалӣ гашта истодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала