Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20210317/Mushkil-Rohi-ohan-pardokhti-qarzi-Chin-hukumat-1033018563.html
Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард
Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард
Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” натавонистааст, маблағи қарзҳои гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд. Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон... 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T18:00+0500
2021-03-17T18:00+0500
2021-03-17T18:22+0500
роҳи оҳани тоҷикистон
пул
қарз
эмомалӣ раҳмон
чин
тоҷикистон
иқтисод
ҳамаи хабарҳои
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032709623_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_da8594c44df2dc2581576a674695244f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Ҳукумат барои дастгирии молиявии корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки натавонистааст пули гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд, қарори махсус қабул кардааст.Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ҳаҷми қарздориҳои Корхонаи роҳи оҳан дар назди Вазорати молияи кишвар, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ бо Бонки содироту воридоти Чин ба вуҷуд омадаанд, кам карда шавад. Ҳаҷми қарзи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз рӯи қарзу фоизҳо ба андозаи 286 миллиону 469 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, Раҳмон дастур додааст, ки ин пул ҳамчун саҳми Ҳукумат дар сармояи оинномавии Корхонаи роҳи оҳан ҳисоб карда шавад.Дар баробари ин Ҳукумат ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳлат додааст, ки давоми 5 сол пулҳои пардохтаи Вазорати молияро ба Бонки содироту воридоти Чин баргардонад.Ин сабукиҳо дар ҳолеянд, ки аввали соли 2015 созишномае ба тасвиб расонда шуд, ки бар асоси он Бонки содироту воридоти Чин – Эксимбонк барои сохтмони хати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ҳудуди 72 миллион доллар қарз дода буд. Гуфта мешуд 68 миллион доллараш қарзи имтиёзнок мебошад.
https://sputnik-tj.com/20210301/Tojikiston-Chin-chand-qarzdor-1032916900.html
чин
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032709623_182:0:2911:2047_1920x0_80_0_0_677aaf4211d07e6c6eb5dec300c9bc0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
роҳи оҳани тоҷикистон, пул, қарз, эмомалӣ раҳмон, чин, тоҷикистон, иқтисод, ҳамаи хабарҳои
Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард
18:00 17.03.2021 (Навсозишуда: 18:22 17.03.2021) Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” натавонистааст, маблағи қарзҳои гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд. Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори махсуси Ҳукумат, сабукӣ дода, ҳамзамон муҳлат муқаррар кард
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Ҳукумат барои дастгирии молиявии корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки натавонистааст пули гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд, қарори махсус қабул кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ҳаҷми қарздориҳои Корхонаи роҳи оҳан дар назди Вазорати молияи кишвар, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ бо Бонки содироту воридоти Чин ба вуҷуд омадаанд, кам карда шавад. Ҳаҷми қарзи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз рӯи қарзу фоизҳо ба андозаи 286 миллиону 469 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, Раҳмон дастур додааст, ки ин пул ҳамчун саҳми Ҳукумат дар сармояи оинномавии Корхонаи роҳи оҳан ҳисоб карда шавад.
Дар баробари ин Ҳукумат ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳлат додааст, ки давоми 5 сол пулҳои пардохтаи Вазорати молияро ба Бонки содироту воридоти Чин баргардонад.
Ин сабукиҳо дар ҳолеянд, ки аввали соли 2015 созишномае ба тасвиб расонда шуд, ки бар асоси он Бонки содироту воридоти Чин – Эксимбонк барои сохтмони хати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ҳудуди 72 миллион доллар қарз дода буд. Гуфта мешуд 68 миллион доллараш қарзи имтиёзнок мебошад.