Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон

CC0 / Pixabay / Книга, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Роману ҳикояҳои Раҳнаварди Зарёб, адиби шинохтаи адабиёти форсу тоҷик, ки чанд моҳи қабл бар асари коронавирус даргузашт, таҳти унвони “Гулнор ва ойина” дар шаҳри Душанбе ба чоп расид
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Бино ба иттилои масъулини нашри китоб, роману ҳикояҳои ин нависандаи забардасти тоҷики Афғонистон бори аввал дар Тоҷикистон рӯи чопро мебинад.
Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Китоб хону пул гир: президент маблағи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғ"-ро зиёд кард
Сипеҳри Кароматуллоҳ, рӯзноманигори тоҷик, ки ин китобро баргардон кардааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин китоб романи “Гулнор ва ойина”, яке аз шоҳкориҳои марҳум Зарёб ва бист достони ӯро дарбар мегирад.
“Пешгуфтори китобро нависанда ва рӯзноманигори номвари Афғонистони муосир Раззоқи Маъмун навиштааст, ки таҷрибаи шогирдӣ, ҳамкорӣ ва рафоқат бо марҳум Зарёбро дошт. Ҳадафи ман ба мардуми Тоҷикистон ошно кардани ин нависанда, классики зиндаи адабиёти мо буд, ки бо камоли таассуф, дар замони зиндагияш дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ ташвиқ нашуд. Ҳоло умедворам, ки аз роману достонҳояш мо ӯро хоҳем шинохт”, - гуфт Сипеҳри Кароматуллоҳ.
Романи “Гулнор ва ойина”, яке аз асарҳои мондагори насри тоҷику форс аст, ки зиндагии пур аз фоҷиа, аммо моломол аз барҷастагиҳои ахлоқиву маънавии як ҳиндудухтари кобулиро ривоят мекунад.
Композиция из книг со свечой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Дар Тоҷикистон муҷассамаи “Рамзи китоб” бунёд мешавад
Ҳикоя - достонҳои “Морҳои зери дарахти санҷид”, “Овозе аз миёни қарнҳо”, “Донишманд ва саги ҳамсоя”, “Марди кӯҳистон” ва “Мурғе, ки мурд” кайҳо ба хазинаи тилоии адабиёти тоҷику форс ворид шудаанд ва ривояти инсонҳоеро мекунанд, ки дар ин кишвари мазлум ва ранҷдида оташи инсоният, ҷавонмардӣ ва меҳрубониро афрӯхта нигоҳ медоранд.
Муҳаммадаъзам Раҳнавард Зарёб нависандаи достони кӯтоҳ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи адабии маъруфи Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20 ва ду даҳаи асри 21 буд, ки 10 декабри соли гузашта аз маризии “вируси корона” вафот кард.
Зарёб аз классикони зиндаи адабиёти тоҷику форс ба шумор меомад. Аз ӯ даҳҳо роману достон, намоишнома, танзҳо ва мақолоти адабӣ ба мерос мондаанд, ки маъруфтаринашон “Гулнор ва ойина”, “Шаҳри тилисмшуда”, “Марде, ки сояаш таркиш кард”, “Ҳазёнҳои даври ғурбат”, “Гунги хобдида”, “Дарвеши панҷум” ва ғайра мебошанд.
Нашри ин китоб аз сӯи Ато Муҳаммади Нур, яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон, сармоягузорӣ шуда, ба ҳаводорони китоб дар Тоҷикистон ба истиқболи 30 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон ройгон ҳадя мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала