Ҳайати Роспотребнадзор аз Озмоишгоҳи миллии тандурустӣ боздид кард

© акс аз Вазорати тандурустии ТоҷикистонБоздиди мутахассисони Роспотребнадзор аз Озмоишгоҳи миллии ҷамъиятии Тоҷикистон
Боздиди мутахассисони Роспотребнадзор аз Озмоишгоҳи миллии ҷамъиятии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Боздиди мутахассисони Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳо ва як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат идома дорад
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Мутахассисони Роспотребнадзор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, аз як озмоишгоҳи тиббӣ дидан намуданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, бегоҳи рӯзи 16 март, Кедрова Олга Викторовна, Шарова Ирина Николаевна, Марсоха Кирилл Сергеевич, намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Русия "Микроб"-и "Роспотребнадзор" бо фаъолияти Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ" шинос шуданд.
Встреча заместителя министра здравоохранения Таджикистана с представителями Роспотребнадзора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Баррасии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон дар мулоқоти Ализода бо ҳайати Роспотребнадзор
Гуфта мешавад, аснои шиносоӣ ҳайати Роспотребнадзор аз рафти фаъолияти озмоишгоҳи мазкур дидан намуда, инчунин, бо роҳбарият ва мутахассисони муассисаи номбурда мулоқот  карданд.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бояд гуфт, ки боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз озмоишгоҳҳо ва як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати вижаи Роспотребнадзор рӯзи 16 март вориди Тоҷикистон шуданд. Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар мебошад.
Мутахассисони Роспотребнадзор барои баррасии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон меоянд
Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ин ҳайат ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон меояд.
Дар Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст ва раисиҷумҳур низ эълон кард, ки кишвар орӣ аз ин беморист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала