Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Sputnik \ Амир ИсаевОткрытие мечетей в Таджикистане
Открытие мечетей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистонро гуфт
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол эҳтимол аст моҳи шарифи Рамазон ба 13 апрел рост ояд.
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Вакили тоҷик ба 100 оилаи ниёзманд кӯмак расонд
Ин манбаъ гуфт ҳоло қарори важаи Шӯрои уламои кишвар дар ин бора содир нашудааст
Ӯ гуфт, барои муайян кардани санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон, масъулини Шӯрои уламо бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ҳамкорӣ доранд.
“Қарори ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқ пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳо ва Шӯрои уламо қабул ва дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад”, - афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, қаблан Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон низ гуфта буд, ки санаи эҳтимолии оғози моҳи Рамазонро 13 ва 14-уми апрел аст.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Эълони рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Қирғизистон
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала