Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст

© Sputnik / Evgeny Biyatov / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ҳамчунин аз амалҳои эътилофи ғарбӣ низ изҳори нигаронӣ кард, чун рафтан ва ё бозмондани онҳо дар ин кишвар бо гузашти чандин сол ниҳоӣ нашудааст
ДУШАНБЕ, 17  мар — Sputnik. Русия аз ҳаракати гурӯҳҳои бузурги террористон ба Ҷумҳурии Афғонистон шадидан нигарон аст, мегӯяд, Сергей Шойгу вазири мудофиаи ин кишвар.
Ба таъкиди Шойгу, феълан гуруҳҳои бузурги террористӣ, аз ҷумла ДОИШ (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба кишварҳои гуногун рахна шудаанд ва теъдоди бузурги онҳо роҳ ба сӯи Афғонистонро пеш гирифтаанд.
Шойгу дар мусоҳиба ба Tengrinews.kz. таъкид намуд, "ташвишовар он аст, ки мо вуруди ҷангиёнеро мушоҳида мекунем, ки аз Афғонистон ба Сурия кӯчиданд ва ҳамзамон ба сафи онҳо дигароне пайвастанд, ки аз дигар давлатҳо ба Сурия омада буданд".
Афганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
76 кушта ва захмӣ: инфиҷори террористӣ дар Ҳироти Афғонистон
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеҳсоли барзиёди он ҳам боиси нигаронист.
"Мо ҳама дар ин минтақа, дар ин қаламрави умумии худ зиндагӣ мекунем. Ин раванд албатта ба халқҳои барои мо бародар, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бо онҳо дар тӯли асрҳо якҷоя зиндагӣ кардем ва хоҳем кард, бетаъсир намемонад", - нигаронӣ намудааст вазири Русия.
Илова бар ин, Сергей Шойгуро амалҳои эътилофи ғарбӣ низ нигарон намудааст. Ӯ мегӯяд, давоми чанд сол рафтан ва ё боқӣ мондани онҳо маълум нест. Тасмими Амрико, ки дар аҳди Трамп қатъӣ буд, бо сари қудрат омадани Байден тағйир ёфт.
"Ман борҳо ба ҳамкасбони худ аз Амрико ва Бритониё гуфтам, ки шумо бояд замоне қаламрави ин кишварро тарк кунед, ки мардум осоишта зиндагӣ кунад ва ба ҷузъ аз истеҳсолу фурӯши маводи мухаддир ба ягон шуғли дигар машғул шаванд".
Вазири Русия мегӯяд, ба мардуми Афғонистон бояд имконияте фароҳам овард, то онҳо тавонанд чизи беҳтаре ба ҷузъ маводи мухаддир истеҳсол кунанд ва зиндагии худро пеш баранд.
Дар Афғонистон феълан задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон (созмони террористие, ки фаъолияти он дар Тоҷикистону Русия манъ аст) идома дорад.
Ҳоло нерӯҳои дифоъ ва амнияти миллии Афғонистон дар сартосари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала