Дар Ӯзбекистон мехоҳанд феҳристи электронии манзилҳои иҷораро барои донишҷӯён омода кунанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСтудент в своей комнате в общежитии вуза
Студент в своей комнате в общежитии вуза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Интизор меравад, ки ташкили платформаи электронӣ имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯ, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён ба таври муназзам ҳал карда шавад
Душанбе, 17 мар - Sputnik. Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон фармоиши иҷтимоиро ба маблағи 300 миллион сӯм барои эҷоди як системаи электронӣ эълон кард, ки иҷорадиҳандагон ва донишҷӯёнро дар як майдон муттаҳид мекунад, то ба охирон дар ёфтани манзили иҷора кумак кунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Имтиҳонсупории довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Оғози имтиҳонсупории довталабони тоҷик барои таҳсили ройгон дар Русия - акс
Ҳукумати вилояти Самарқанд ин ташаббусро дастгирӣ кардааст, зеро мушкилоти таъмини донишҷӯёни донишгоҳҳо бо хобгоҳҳо дар минтақа муҳим аст.
Дар ҳоли ҳозир, дар минтақа тақрибан 60 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва танҳо шаш ҳазор нафари онҳо метавонанд дар хобгоҳҳо ҷойгир шаванд - барои ҳама ҷой намерасад.
Аксари ҷавонон дар манзилҳои ғайрирасмии иҷора ё дар хонаҳои худ зиндагӣ мекунанд.
Мушкилоти дигар ин набудани муносибатҳои шаффофи байни донишҷӯён ва соҳибхонаҳо мебошад. Интизор меравад, ки эҷоди платформа имкон медиҳад, ки масъалаҳои дарёфт, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён дар асоси мунаҳҳам ҳал карда шаванд.
Дар назди донишгоҳҳо вазифа гузошта шудааст, ки шумораи хобгоҳҳои донишҷӯёнро ба ҳадди аксар расонанд, системаи иҷораи манзилро таҳия кунанд ва механизмҳоеро таҳия кунанд, ки ҷустуҷӯи манзилҳои иҷоравиро осон мекунанд.
Аз Файзобод то Роштқалъа: таъсиси нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои соли 2021
Гуфта мешавад, дар 129 донишгоҳи кишвар беш аз 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, аммо на ҳама дар хобгоҳҳо ҷойҳои кофӣ доранд. Дар Тошканд 85 хобгоҳ аст, ки танҳо 13% донишҷӯёнро фаро мегирад.
"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон низ махсусан дар Душанбе мушкили дарёфти хонаҳои иҷора сол ба сол мушкил ва гарон мешавад. Донишгоҳҳо низ иқтидори пурра таъмин кардани ниёзмандон ба ҷойи хобро надоранд ва ҳамзамон чунин талоше барои ҳалли ин мушкил пеш гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0