Вакили тоҷик ба 100 оилаи ниёзманд кӯмак расонд

© посольство РФ в РТРоссия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Кӯмакҳои моддии яквақтаина, ки асосан аз маводи хӯрокворӣ иборатанд, ҳудуди 100 оилаи ниёзманди пойтахт дарёфт карданд
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Дар Душанбе ба 100 оилаи ниёзманд кӯмаки моддии яквақтаина расонда шуд, хабар медиҳадагнетии Ховар.
Встреча участников молодежного фестиваля Да здравствует дружба молодежи мира в Нуреке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Дар Хуҷанд “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд мегардад
Ба иттилои манбаъ, кӯмаки мазкур дар арафаи ҷашни "Наврӯз" аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода расонда шуд.
Иловатан дар расондани кӯмаки мазкур кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ҳам даст доранд.
манбаъ меафзояд, кӯмаки расонидашуда, аз орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоти ниёзи  аввал иборат буд.
"Ин иқдом дар доираи сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, роҳандозӣ гардид", - таъкид мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон баргузории Иди байналмилалии Наврӯзро дар кишвар расман иҷозат дод.
Тибқи қарори ситод, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, тантанаҳои идона дар Наврӯз иҷозат шуда, аммо намоишҳои оммавии театрӣ дар майдонҳо ҳанӯз ҳам манъ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала