Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Байден кишвардори Русияро "қотил" номид

© AP / ALEX WONGПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар як мусоҳиба аз муносибаташ бо ҳамтои худ Владимир Путин хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 мар- Sputnik. Кишвардори Амрико дар мусоҳиба бо ABC News аз муносибати худ бо Владимир Путин президенти Русия хабар дод.
Дар ин мусоҳиба, масъалаи муносибати ӯ бо Путин замоне пурсида шуд, ки гап сари дахолати Русия ба раванди интихоботи президентии Амрико рафт.
Cудно работает на шельфе Балтийского моря на газопроводе Nord Stream 2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Путин Байденро барои "Маҷрои шимол - 2" таҳдид кард
Зимнан, Байден тафсилоти суҳбати телефонии худ бо Владимип Путинро нақл кард.
"Суҳбати мо тӯлонӣ буд. Ман дар оғози суҳбат гуфтам, агар дақиқ кунам, ки Русия ба интихоботи давлати мо дахолат кард, он гоҳ ӯ бояд омода шавад", - ба ёд овард Байден ҷараёни суҳбаташро бо Путин.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигор аз Байден суол кард, ки "шумо Путинро бисёр хуб медонед. Ба назари шумо оё ӯ қотил аст".
"Ман бар ин бовар ҳастам", - посух дод Байден.
Қаблан, раисҷумҳури Амрико, Русияро дар ҳамлаҳои кибернетикӣ, дахолат дар интихобот, ҳабси Навалний муттаҳам карда, дар бораи амалҳои ҷавобии ИМА гуфт.
"Мо бидуни дудилагӣ Русияро маҷбур мекунем, ки ба манфиатҳои муҳими мардуми мо посух гӯянд ва ҳимоя кунанд. Ҳангоми кор дар эътилоф ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар шарикони ҳамфикр мо дар муносибат бо Русия муваффақтар хоҳем буд", - боварӣ дорад Байден.
Ҳамчунин Байден эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои Амрикоро аз Олмон боз медорад ва дар Шарқи Наздик фаъолтар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала