Ҳамоиш бо иштироки 2 президент ва 14 вазири умури хориҷӣ дар Душанбе: барномаи ҷаласа

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Исламской Республики Афганистан Мухаммад Ашраф Гани
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Исламской Республики Афганистан Мухаммад Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, охири моҳи март дар Душанбе конфронси фароянди “Қалби Осиё - раванди Истамбул” бо иштироки ду президенту 14 вазири умури хориҷӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 29 ба 30 марти соли равон дар Душанбе нӯҳумин конфронси вазирони умури хориҷии 15 кишвари узви ин фароянд таҳти унвони "Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа" баргузор мешавад.
Эмомали Рахмон и Мухаммад Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?
“Дар рӯзи аввал, 29 март, мақомоти баландпоя мулоқотҳои рӯ ба рӯ хоҳанд дошт. Ҳамон рӯз вазирони кишварҳои узви раванд як ҷаласаи муштарак хоҳанд дошт”, - гуфт ин манбаъ.
Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?
Бино ба ин манбаъ, рӯзи 30 март конфронс таҳти унвони "Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа" бо суханронии ифтитоҳияи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон оғоз хоҳад шуд.
Бино ба барномаи конфронс, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон – Сироҷиддини Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар низ суханронии истиқболӣ карда, раҳбарони намояндагиҳои кишварҳои узв ҳар як 5 дақиқа суҳбат хоҳанд дошт.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Аз мулоқот бо Ғанӣ то Абдуллоҳу Амруллоҳ Солеҳ: чаро Ятимов ба Кобул рафт?
Дар пайи он ҷаласаи асосии конфронс баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони намояндагиҳои кишварҳо ва созмонҳои ҳомии “Қалби Осиё - раванди Истамбул” назароти худро дар бораи тақвияти иҷмоъи байнулмилалӣ барои сулҳу тавсеа дар Афғонистон баён хоҳанд дошт ва ин мавзӯъро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.
Конфронс бо қабули “Эъломияи Душанбе” ва ҳам як нишасти матбуотӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом мерасад.
“Қалби Осиё - раванди Истамбул” як ибтикори минтақаии байни Афғонистону Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ин қолаб бистаре барои гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ барои овардани эътидол, субот, сулҳу рифоҳ дар Афғонистон ва кулли минтақа аст. Ширкаткунандагони "Раванди Истамбул" Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала