Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд

© акс аз ВУХ ТоҷикистонЭмре Зекӣ Карагёл, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба Хусрав Нозирӣ эътимоднома супорид
Эмре Зекӣ Карагёл, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба Хусрав Нозирӣ эътимоднома супорид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Эмре Зекӣ Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Тоҷикистон озими Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сафири тозатаъйини Туркия дар Тоҷикистон ба Муовини якуми вазири умури хориҷӣ Хусрав Нозирӣ эътимоднома супурд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими сипоридани эътимоднома рӯзи 17 март сурат гирифт.
Гуфта мешавад, Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Умеди Раҳмон аз сафирони нав дар Тоҷикистон ва такони тоза дар муносибатҳои дипломатӣ
Зикр гардад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.   
Манбаъ меафзояд, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Туркия дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳ гузашта кишвардори Тоҷикистон эмомалӣ раҳмон аз сафирони фавқулодаи 6 кишвар эътимоднома қабул кард.
Аз ҷумла, сафирони Афғонистон, Фаронса, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия, ки тоза ба мақоми сафирони давлатҳои худ дар Тоҷикистон таъйин шуданд, эътимодномаашонро ба Эмомалӣ Раҳмон таслим намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала