Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ба ҷои Зувайдзода вакили нав интихоб мешавад: таъйини санаи интихобот

© © Sputnik / Амир ИсаевПодготовка к выборам в Таджикистане
Подготовка к выборам в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои вакил Маҳмадсаид Зувайдзодаро имрӯз пеш аз муҳлат қатъ карданд
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 62, Зувайдзода Маҳмадсаидро бинобар ба вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумат таъйин шуданаш қатъ кард.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Қарори КМИР дар бораи интихоби се вакили нав дар парлумони Тоҷикистон
Манбаъ афзуд, ки барои иваз кардани вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии рақами 62 санаи 16 майи соли 2021 интихобот муқаррар гардид. Вакилон комиссияи шаҳрии интихоботро таъсис доданд, ки раванди омодагию баргузории онро назорат хоҳад кард.
Қаблан дар ҳавзаи интихоботии № 62 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо беш аз 75 дарсади овозҳо номзад аз Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд пирӯз шуда буд. Зувайдзода, ки дар мақоми муовини аввали раиси шаҳри Душанбе кор мекард, охири соли гузашта аз ин вазифа барканор гардида, ба мақоми раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ таъйин шуда буд.
Ба ҷои Зувайдзода дар ҳукумати Душанбе Амирхон Қурбонзода ба мақоми муовини якуми раиси пойтахт таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала