Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID - 19 миёни кӯдакон дар Ӯзбекистон

© Пресс-служба Минздрава УзбекистанаВ Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом
В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Дар Ӯзбекистон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории коронавируси навъи COVID - 19 миёни кӯдакон афзудааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Нурмат Отабеков, муовини сардори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятии Ӯзбекистон аз афзоиши гирифторӣ ба коронавирус миёни кӯдакон гуфт.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба муовини сардори хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
"Овозаҳо мавҷуданд, ки афзоиши шумораи беморон дидаву дониста барои ҳавасмандкунии эмгузаронӣ зиёд нишон дода шудааст. Ин мантиқ надорад, зеро беморӣ асосан дар байни кӯдакон афзоиш меёбад. Мо одамони синнашон аз 18-сола болоро эм хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки муовини вазири тандурустии Ӯзбекистон Баходир Юсупалиев вазъи истифодаи ваксинаҳои AstraZeneca дар ҷумҳуриро шарҳ дод.
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Ба гуфтаи вай, бояд натиҷаҳои тафтишотро интизор шуд ва хулосаҳои бармаҳал набаровард ва маъракаи эмгузаронӣ пас аз Наврӯз дар Ӯзбекистон оғоз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала