Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ализода дар бораи ворид кардани ваксинаи "Спутник V": аз ҷониби СҶБ тасдиқ нашудааст

© Sputnik Пресс конференция по поводу вакцинации в Таджикистане
Пресс конференция по поводу вакцинации в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон эҳтимоли ворид кардани ваксинаи сохти русӣ "Спутник V" ба Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ваксинаи сохти русӣ "Спутник V" ҳоло барои ворид кардан аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тасдиқ нашудааст.
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Рӯзи оғози эмгузаронӣ бо AstraZeneca дар Тоҷикистон маълум нест
Ӯ ин хабари худро дар истинод ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ироа кард.
Ҷаноиб Ализода гуфт дирӯз ҷаласаи бузурги онлайн бо СҶБ, ки бо ширкати ҳамаи намояндагон баргузор шуд, ваксинаҳои аз ҷониби механизми COVAX тасдиқшуда нишон дода шуд.
Ин механизм тасдиқ шудани ваксина аз ҷониби созмонро бо ранги сабз ва набуди тасдиқро бо ранги зард нишон додааст. 
Ба гуфти муовини вазир ду ваксина: Frizer - и амрикоӣ ва AstraZeneca - и ангилсӣ-шведӣ бо ранги сабз нишон дода шудаанд.
"Спутник V" ҳаст, вале рангаш зард аст, ин маънои онро дорад, ки то имрӯз ин ваксина аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои ворид кардан дар рӯйхати истифодабарӣ нест, лекин дар сатҳи омӯхтан ҳаст ва бояд, ворид шавад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои Ализода AstraZeneca рӯзи 15 феврали соли 2021 аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тасдиқ карда шуд ва Frizer пеш аз он. Ҳоло ба ин рӯйхат "Спутник V" - и Русия ва "Корона Вак" -и Чин ворид шудааст, лекин сертификат барои ворид карданро то ҳол надоранд.
Ин дар ҳолест, ки "Спутник V" аз нахустин ваксинаи ихтироъшуда дар ҷаҳон, алайҳи маризии коронавирус мебошад.
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Ёдрас мешавем, ки "Спутник V" аз рӯи тасдиқи меъёрӣ дар ҷаҳон пас аз  AstraZeneca дуввумин ваксинаи маъмултарин шинохта шуд. Ин ваксинаро 45 кишвари дунё тасдиқ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала