https://sputnik-tj.com/20210318/Bloomberg-kursi-preziden-Tramp-muflis-1033024634.html
Bloomberg: курсии президентӣ Трампро ба муфлисшавӣ расонид
Bloomberg: курсии президентӣ Трампро ба муфлисшавӣ расонид
Президенти пешини ИМА Доналд Трамп сарвати худро дар замони президентияш қариб аз даст дод 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T15:35+0500
2021-03-18T15:35+0500
2021-03-18T15:24+0500
муфлисшавӣ
дороӣ
доналд трамп
има
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102154/63/1021546370_0:305:3098:2048_1920x0_80_0_0_7273cb98b03c2929573f4d1d6bf4e4f7.jpg
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Курсии президентӣ ба собиқ роҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп гарон афтод, менависад Bloomberg.Тибқи додаҳои Bloomberg Billionaires Index (BBI), сарвати сиёсатмадор то нимаи моҳи марти соли 2021 ба 2,3 миллиард коҳиш ёфт.Қаблан маълум буд, ки маблағи Трамп ҳангоми ба кор шурӯъ карданаш ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида 3 миллиард долларро ташкил медод.Таҳлилгарони Bloomberg тадқиқот гузаронидаанд, ки дар ҷараёни он онҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои молиявӣ, балки маълумоти дигарро дар давраи аз моҳи майи соли 2016 то январи 2021 таҳлил карданд. Чунин тадбир ба хотири ҳисоб кардани вазъи Трамп пеш аз ва баъд аз раёсати ҷумҳурӣ гирифта шудааст.Доналд Трамп ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шудҲамин тавр, коршиносони Bloomberg мушаххас кардаанд, ки аз даст додани пулҳои сарвари собиқи Кохи Сафед аз моҳи августи соли 2020 оғоз шудааст . То моҳи январи соли 2021 сарвати Трамп 2,45 миллиард долларро ташкил дод ва дар нимаи моҳи март он ба 2,33 миллиард доллар коҳиш ёфт.Блумберг қайд мекунад, ки тақрибан аз чор се ҳиссаи даромади сиёсатмадор аз ҳисоби амволи ғайриманқули тиҷорӣ мебошад. Аммо ин амволи ӯ ба таври назаррас арзону коҳиш ёфт.Инро пандемияи коронавирусӣ ба вуҷуд овард: бисёр одамон дафтарҳои кориашонро тарк карданд ва имрӯз онҳо корҳояшонро дар хона идома медиҳанд.Тибқи таҳлилгарон, арзиши амволи ғайриманқули тиҷории Трамп 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз соли 2016 то 2017, он 26% арзон шуд.Трамп гуфт, ки пас аз тарки раисҷумҳурӣ чӣ кор мекунадҒайр аз он, сиёсатмадор соҳиби бисёр истироҳатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо, инчунин 19 майдони голф мебошад. Трамп аз сабаби маҳдудиятҳое, ки ба коҳиши паҳншавии коронавирус ва бӯҳрон дар соҳаҳои хидматрасонӣ ва сайёҳӣ ҷорӣ шуданд, зарари калон дид.
https://sputnik-tj.com/20210218/ima-tramp-kazino-takhrib-1032849831.html
https://sputnik-tj.com/20210207/Tramp-khushbakhtar-ast-mushovir-1032777671.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102154/63/1021546370_288:0:3019:2048_1920x0_80_0_0_81b446e9a99146aabce67235a91d5ded.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
муфлисшавӣ, дороӣ, доналд трамп, има, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
Bloomberg: курсии президентӣ Трампро ба муфлисшавӣ расонид
Президенти пешини ИМА Доналд Трамп сарвати худро дар замони президентияш қариб аз даст дод
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Курсии президентӣ ба собиқ роҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп гарон афтод, менависад Bloomberg.
Тибқи додаҳои Bloomberg Billionaires Index (BBI), сарвати сиёсатмадор то нимаи моҳи марти соли 2021 ба 2,3 миллиард коҳиш ёфт.
Қаблан маълум буд, ки маблағи Трамп ҳангоми ба кор шурӯъ карданаш ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида 3 миллиард долларро ташкил медод.
Таҳлилгарони Bloomberg тадқиқот гузаронидаанд, ки дар ҷараёни он онҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои молиявӣ, балки маълумоти дигарро дар давраи аз моҳи майи соли 2016 то январи 2021 таҳлил карданд. Чунин тадбир ба хотири ҳисоб кардани вазъи Трамп пеш аз ва баъд аз раёсати ҷумҳурӣ гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, коршиносони Bloomberg мушаххас кардаанд, ки аз даст додани пулҳои сарвари собиқи Кохи Сафед аз моҳи августи соли 2020 оғоз шудааст . То моҳи январи соли 2021 сарвати Трамп 2,45 миллиард долларро ташкил дод ва дар нимаи моҳи март он ба 2,33 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Блумберг қайд мекунад, ки тақрибан аз чор се ҳиссаи даромади сиёсатмадор аз ҳисоби амволи ғайриманқули тиҷорӣ мебошад. Аммо ин амволи ӯ ба таври назаррас арзону коҳиш ёфт.
Инро пандемияи коронавирусӣ ба вуҷуд овард: бисёр одамон дафтарҳои кориашонро тарк карданд ва имрӯз онҳо корҳояшонро дар хона идома медиҳанд.
Тибқи таҳлилгарон, арзиши амволи ғайриманқули тиҷории Трамп 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз соли 2016 то 2017, он 26% арзон шуд.
Ғайр аз он, сиёсатмадор соҳиби бисёр истироҳатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо, инчунин 19 майдони голф мебошад. Трамп аз сабаби маҳдудиятҳое, ки ба коҳиши паҳншавии коронавирус ва бӯҳрон дар соҳаҳои хидматрасонӣ ва сайёҳӣ ҷорӣ шуданд, зарари калон дид.