Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Каримӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супурду паёми Раҳмонро расонд

© Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони СаудӣКаримӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супурд
Каримӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супурд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Акрам Каримӣ, сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба шоҳи Арабистони Саудӣ эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома ба Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд рӯзи 17 март дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Арабистони Саудӣ чиро баррасӣ кард
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни маросим сафир ба шоҳи Арабистони Саудӣ дуруду паём ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҳавасманди тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ мебошад.
Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз бошад, дар навбати худ, салом ва эҳтиромоти фоиқаи худро ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта,  таҳкими ҳамкории босамарро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард ва ба сафир дар пешбурди фаъолияти дипломатӣ комёбӣ орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон Акрам Каримиро тобистони гузашта сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин кард.
Каримӣ Акрам, ки қаблан дар сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ ба ҳайси тарҷумон хидмат мекард.
Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.
Як муддат дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе минҳайси тарҷумон кор карда, сипас дар сохторҳои мухталифи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Чанд сол тарҷумони арабии раисҷумҳур ва ёвари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?
Аз июли 2019 то таъйин шуданаш ба симати сафир дар Арабистонӣ Саудӣ дар вазифаи мушовири сафорати Тоҷикистон дар Қатар кор мекард. Забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва туркиро балад аст. Қабл аз ӯ Заробиддин Қосимӣ сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ буд, ки ҳоло сафир дар Мисри Араб таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала