Кишоварзони Турсунзода бо ширкати ТОО "НТРС" Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСельскохозяйственная современня теплица в колхозе "Дустобод-2" Спитаменского района
Сельскохозяйственная современня теплица в колхозе Дустобод-2 Спитаменского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода  шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дирӯз намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода сафари карданд.
Склад с товарами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Аз раводиди ягона то таъсиси марказҳои тақсими маҳсулот: мулоқоти Ибодзода дар Қазоқистон
Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода роҳбаладӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои кишоварзони шаҳр шинос намудааст.
Намояндагони ширкати ТОО "НТРС" аз ду хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода дидан кардаанд.
Дар Хоҷагии деҳқонии "Доно" вобаста ба усули парвариши сабзавоти барвақтӣ ба намояндагони ширкати мазкур маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди токзор, парвариш ва нигоҳдории навъҳои гуногуни ангур ҷалб намуданд.
Манбаъ афзуда, ки намояндагони ширкати қазоқистонӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода иброз доштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала