Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мирзомалик ҳамсарашро кушту худашро корд зад: қатли бераҳмонаи Гулнигор дар Ҷайҳун

© МВД РТСултонов Мирзомалик арестован за убийство жены
Султонов Мирзомалик арестован за убийство жены - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷайҳун хабар медиҳад, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Офоқи Қодириён, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон, бо иттилҳоми қатли ҳамсар сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун Султонов Мирзомалики 32-сола боздошт шудааст.
Арест женщины, убившей своего парня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Ҳомиладор шудаст: Савронбӣ гуфт, чаро маъшуқи 22-солаашро кушт - видео
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ ҳамсараш Мирова Гулнигор 34-соларо, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст.
Гуфта мешавад, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
"Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад",- афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш
Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала