Мулоқоти Ятимов бо Ташиев оид ба аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

© Правительство Кыргызстана Переговоры в Согде с участием глав ГКНБ Таджикистана Саймумина Ятимова и Кыргызстана Камчибека Ташиева
Переговоры в Согде с участием глав ГКНБ Таджикистана Саймумина Ятимова и Кыргызстана Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев масъалаи аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Ду рӯз, 16-17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Сардори КДАМ-и Қирғизистон ба Тоҷикистон омад: Ятимов бо Ташиев мулоқот мекунад
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳои тарафҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз натиҷаи ин мулоқоти сатҳи баланд, ягон тафсилот ироа накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала