"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Ахиран кишвардори русия Владимир Путин ба иттиҳомоти ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден посух гуфт
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия таҳқири Ҷо Байден дар нисбати худро бе таваҷҷӯҳ нагузошт ва ба иттиҳомоти ӯ посух дод.
TELEGRAMMMM "{$url}"
Кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо ABC News, Владимир Путинро "қотил" номид. Ӯ аз ҷумла Русияро дигарбора ба он муттаҳам кард, ки ба ҷараёни интихоботи президентии он кишвар гӯё дахолат карданд ва нияти нором кардани вазъи Амрикоро доштанд.
Путин дар посух ба иттиҳомоти Байден ба ӯ саломатӣ таманно кард.
"Оне, ки нафари дигарро дашном мекунад, худ лоиқи ин дашном  аст. <...> Ман чунин посух мегуям: "Саломат бошад". Ман ба ӯ саломатӣ таманно мекунам", - изҳор доштааст Путин.
Илова бар ин, Путин таъкид намуд, ки русҳо коди дигари генетикӣ доранд, ки аз Амрико фарқкунанда мебошад. 
Қаблан Кремл низ ба иттиҳомот ва таҳқири рӯирости Владимир Путин аз ҷониби Байден вокуниш нишон дод. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, изҳороти Байденро хеле бад арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, бешубҳа Байден намехоҳад, ки муносибати худро бо русия беҳбуд бахшад.
Вокуниши Кремл ба таҳқире, ки Байден нисбати Путин раво донист
Ба таъкиди Песков, Русия минбаъд аз рӯи ин далелҳо амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала