Суқути чархбол дар Афғонистон 9 низомиро кушт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи акс"День инноваций Министерства обороны Российской Федерации - 2015". День второй
День инноваций Министерства обороны Российской Федерации - 2015. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Феълан сабаби ба садама дучор шудани чархболи низомиён дар афғонистон номаълум аст
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Як чархболи неруҳои вижаи Афғонистон дар вилояти Вардак дар маркази ин кишвар суқут кард, хабар медиҳад Tolo News.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш дасти кам 9 нафар кушта шуданд.
Крушение военного вертолета в Турции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Суқути чархбол дар Туркия ба марги 11 низомӣ анҷомид: сабаби садама дақиқ мешавад
Ҳоло сабаби ба садама дучор шудани чархбол номаълум аст.
Зимнан, теъдоди қурбониёни инфиҷори автобус, ки чанде пеш дар Кобул иттифоқ афтод, ба 6 нафар расид. Манобеи  Tolo News
хабар медиҳад, ки автобус ҳомили кормандони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ буд. 
бар асари ин ҳодиса ҳамчунин 16 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, феълан ягон гурӯҳ масъулияти ин таркишро ба дӯш нагирифтааст.
Қаблан дар Қазоқистон як ҳавопаймои низомӣ дучори садама шуд, ки дар натиҷа 4 низомӣ ҷон аз даст доданд ва танҳо 2 нафар зинда монданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала