Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Туркия барои Тоҷикистон афсарони полис омода мекунад: бо кадом шартҳо?

© пресс-служба Минобороны Азербайджана / Гузаштан ба хазинаи аксТурецкая армия
Турецкая армия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Туркия дар давоми 6 сол донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил фаро гирифта барои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афсарони полис омода мекунад
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Дар доираҳаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркия кишвари мазкур қабули довталабонро ба курсҳои омӯзишии давраи солҳои 2021-2026 даъват мекунад.
Омӯзиш дар Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия бо ихтисоси бакалавр сурат мегирад.
Очередь в аэропорту города Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Туркия талаботи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дод
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин росто бо мақсади омода намудани афсарони полис барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон мешавад.
Вазорат мегӯяд, ба таҳсил дар асоси озмун баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, то синни 21-сола қабул карда мешаванд. Ҳамчунин донистани забони англисӣ дар сатҳи А-2 ва донистани забони туркӣ дар сатҳи С-1 низ аз шартҳои озмун гуфта шудаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, довталабоне, ки забони туркиро намедонанд, бояд курси яксолаи омӯзиши забони туркиро гузаранд. Ҳамчунин пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати саломатӣ низ зарур аст.
Дар бораи шаротити таҳсил дар Туркия Вазорат мегӯяд, тамоми хароҷот барои ғизо ва зист (ғайр аз нақлиёти байналмилалӣ) аз ҷониби Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия пардохт карда мешавад. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр дода мешавад, ки дорои эквиваленти миллӣ ва байналмилалӣ дар доираи барномаи идораи амният мебошад, инчунин ба донишҷӯ дипломи афсар дода мешавад.
Шахсоне, ки забони туркиро намедонанд, 1 сол ба забономӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳангоми таҳсил донишҷӯён аз рӯи дастури Низомнома оид ба сарфарозгардонии донишҷӯён ва интизоми Академияи жандарм ва ҳифзи соҳили Туркия амал менамоянд.
Манбаъ афзуда, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар Туркия, то моҳи майи соли 2021 аст. Маълумоти бештарро хоҳишамандон метавонанд тариқи рақамҳои телефони дар торномаи ВКД нашршуда, ба даст оранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала