Зане, ки писари 7-cоларо дар пойтахт кушту фирор кард, боздошт шуд

© Sputnik / Valeriy Melnikov / Гузариш ба медиабонкМальчик сидит на полу в комнате в доме города Мартакерт в Нагорном Карабахе
Мальчик сидит на полу в комнате в доме города Мартакерт в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Зане, ки дар қатли як хонандаи синфи як дар пойтахт гумонбар дониста мешуд пас аз ҳашт рӯзи пайгириҳо боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Яке аз хешовандони кӯдаки кушташуда ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола шоми гузашта боздошт шуд.
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе
Ба иттилои манбаъ, гумонбар дар дачаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.
"Ҳоло ки фасли истироҳат нест, ӯ дар яке аз дачаҳои беодам пинҳон шудааст, ки маъмурини пулис боздошт карданд. Ҳоло ӯ дар бозпурсӣ буда, пас аз ду-се рӯз барои нишондод додан мебаранд",-афзуд ин хеши кӯдаки кушташуда
 Як манбаъ, аз Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанеб бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муборак Абдураҳмонова боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи боздоштшударо прокуратура ҳоло пеш мебарад.
Қаблан Сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода ба Sputnik Тоҷикистон  гуфта буд, ки ҳодисаи куштор ҳодисаи куштори писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе снаи 5 март рух додааст.
Шарҳи ВКД дар бораи қатли писараки 7-сола дар Душанбе
Қаблан ба Sputnik Тоиҷикистон даст дод, ки бо яке аз аъзои хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, сӯҳбат кунад. 
© Шабакаҳои иҷтимоӣ Боздошти Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола барои қатли хонандаи синфи 1 дар Душанбе
 Боздошти Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола барои қатли хонандаи синфи 1 дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Боздошти Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола барои қатли хонандаи синфи 1 дар Душанбе
Ба гуфтаи яке аз хешовандони кӯдак, рӯзи панҷуми март писарак пас аз дарс бояд ба хона бармегашт, аммо наомад. Пайвандонаш ӯро тӯли се соат, аз соати 14 то 17 ҷустуҷӯ карданд, ки бенатиҷа буд.
Дар ҳамин ҳол, баъди чанде ҷисми беҷони кӯдакро амаки падараш аз манзилаш пайдо кардааст. Зани мард писаракро ба хона дароварда бурдааст.
Ба гуфтаи узви хонаводаи марҳум , камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд, ки чигуна гумонбаршаванда, ҳамсоя ва хешованди хонавода Муборак Абдураҳмонова писаракро ба манзилаш медарорад ва баъди даҳ дақиқа худ берун шудаву меравад.
Ӯ меафзояд, ҳодиса пас аз зӯҳри 5 март, вақте Аҳмадҷони 7-сола аз мактаб бармегашт, рух дод.
Лентаи хабарҳо
0