Зодрӯзи Шамсиддин Орумбекзода ва Отахон Латифӣ: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 18 марта
День 18 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми март дар Русия Рӯзи полиси андоз, дар Аруба Рӯзи Парчам ва суруди миллӣ ва дар Беллорус Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 18 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

 
Соли 1813 дар ИМА дастгоҳи истеҳсолкунии гази  ангишт ихтироъ карда шуд.
Соли 1900 клуби футболи "Аякс"-и Голландия  таъсис дода шуд.
День 16 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Зодрӯзи Абдуҷаббор Раҳмонов: имрӯзи таърих
Соли 1947 Комиссияи иқтисодии СММ барои давлатҳои Осиё ва Шарқи дур таъсис дода шуд.
Соли 1965  кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов аввалин маротиба дар таърих ба фазои боз баромад.
Соли 1991 дар Россия қонун «Дар бораи милитсия» қабул карда шуд.
Соли 1997 хурдтарин клавиатураи компютер сохта шуд, ки 7,62 х 3,048 см ҳаҷм дошт.
Соли 2010  Созмони  Милали  Муттаҳид ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ декларатсияи муштарак ба имзо расониданд.
Соли 2011 дар шаҳри Маскав Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ: "20 сол бо ҳам: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дастовардҳо" баргузор гардид.

Рӯзи 18 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷамъбастии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба имзо расид.
Соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"-ро имзо намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 март

  • Дар Русия – Рӯзи полиси андоз.
  • Дар Аруба- Рӯзи парчам ва суруди миллӣ.
  • Дар Белорус – Рӯзи қӯшунҳои дохилӣ

Рӯзи 18 март кӣ ба дунё омадааст

Маҳмадвафо Бақоев (1931-1972)- адабиётшинос.
Олим Бобоев (1958-2011) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Абулқосим Замахшарӣ (1075 – 1144) – адиб, олими форс – тоҷик.
Зайниддин Искандаров (1947)- доктори илми ҳуқуқ.
Абдулҳай Комилӣ (1962) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Отахон Латифӣ (1936 – 1998) – журналист.
Искандар Мулкамонов (1910 – 1990) – арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Нозимҷон Нидоев (1958)- доктори илми иқтисод, профессор.
Мухбил Нўъмонов (1948) – доктори илми химия, профеccор.
Шамсиддин Орумбеков (1956)- Вазири фарҳанг, арбоби фарҳангӣ.
Маҳмадсаид Пиров (1966) – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театру кино.
Гулбаҳор Тоҷирзода (1991)- шоираи узбекзабони Тоҷикистон.
Урунбек Ҳамдамов (1946) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Худоназар Ҷонназаров (1935) – доктори илми педагогӣ, профессор.
Лентаи хабарҳо
0