Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Меғ мефарояду гарм мешавад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik.Бино ба гузориши Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. 
Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу сангрезӣ ва тармафароӣ то охири ҳафта
Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона  8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала