Ҳашари дастаҷамъона дар деҳаи Ваҳдати вилояти Суғд

© КЧС РТВ Шахристанском районе проведены берегоукрепительные работы
В Шахристанском районе проведены берегоукрепительные работы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Ноҳияи Шаҳристон дар миқёси кишвар аз ҷиҳати таҳдиди хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Ҳамасола аз ҳисоби бориши пай дар пайи барфу борон дар ноҳияи Шаҳристон омадани сел ба қайд гирифта мешаванд.
Дар ин росто, Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, Шӯъба ва бахшҳои КҲФ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ андешида, корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро идома медиҳанд.
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Ҳушдори КҲФ аз хатари селу сангрезӣ ва тармафароӣ то охири ҳафта
Дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳамкории бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд дар ноҳия бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Заринрӯди минтақавии ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ роҳандозӣ гардиданд.
Ҳашари дастаҷамъона дар Қармасойи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ҷалби сокинони маҳал ва бо истифодаи 2 адад техникаҳои муҳандисии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия гузаронида шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ноҳияи Шаҳристон низ дар миқёси кишвар аз ҷиҳати таҳдид хавфи офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад, ҳамасола аз ҳисоби бориши пай дар пайи барфу борон омадани сел ба қайд гирифта мешаванд.
Барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Мақомоти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон, Шӯъбаи Раёсат дар ноҳия, идораву ташкилотҳо, сокинони маҳал чораҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шуда, Ситоди ноҳиявии доимоамалкунанда таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда ба монанди соҳилбандӣ, тоза кардани селроҳаҳо аз партову сангу шағал дар байни ахолии ноҳия  гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала