Ҳайати яккачини кишвар барои рақобат бо Муғулистон маълум шуд

© сомонаи ФФТФутболбози "Истиқлол" дар финали Ҷоми ФФТ
Футболбози Истиқлол дар финали Ҷоми ФФТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои барои бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 зидди Муғулистон дақиқ шуд
ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ҳайати дастаро дар бозӣ бо Муғулистон муайян кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Комментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Бозии Тоҷикистону Муғулистон бо 10 ҳазор тамошобин мегузарад: ФФТ арзиши чиптаҳоро гуфт
Бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки дар он футболбозони тоҷик бо рақибони муғулашон рӯ ба рӯ мешаванд, рӯзи 25 март баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ба ҳайат 24 бозигар иборат аз  3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, нимҳимоятгари "Навбаҳор" -и Намангон Эҳсони Панҷшанбе  ҳарчанд ба ҳайат даъват шудааст,  аммо бинобар аз ҳад зиёд доштани кортҳои зард, дар бозӣ ширкат намекунад.
Дастаи миллӣ рӯзи 19 март дар варзишгоҳи Душанбе ба тамринҳои омодагӣ шурӯъ мекунад.
Вохӯрии тимҳои миллӣ дар доираи Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 баргузор мешавад.
Се голи футболбози тоҷик дастаи Молдоваро ба пирӯзӣ расонд- видео
Арзиши чиптаҳо дар ҳаҷми 20 сомонӣ муайян шуда, дар мувофиқа бо ФИФА бозиро то 10 ҳазор мухлисон метавонанд дар варзишгоҳ тамошо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0