Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

КҲФ мегӯяд, масири Хоруғ - Мурғоб аз тарма тоза шуд, вале хатар ҳамоно боқист

© акс аз саҳифаи IRSТарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Масири Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб, ки бар асари фаромадани тарма масдуд буд, ҳоло барои ҳаракати нақлиёт кушода аст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта масири Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб масдуд буд.
Ба иттилои манбаъ, бегоҳи рӯзи 17 март дар ин масир якбора се тарма фаромад, ки роҳро басту ҳаракати нақлиётро ба мушкилӣ мувоҷеҳ кард.
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Тарма, ки роҳи "Душанбе - Хоруғ" - ро баст, тоза шуд
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса танҳо роҳҳо баста шуданд ва хушбахтона ягон талафоти молӣ ва ҷониро дар пай надошт.
Гуфта мешавад, барои бартараф намудани тарма, Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кард ва феълан роҳҳо боз ҳастанд.
Зимнан, бар хабари КҲФ, наҷотбахшон ба таври шабонарӯзӣ дар роҳҳои мошингарди кӯҳии Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Ванҷ навбатдорӣ мекунанд.
Барфу тарма роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ" - ро баст
Ёдовар мешавем, ки ҳавои Тоҷикистон то 19 март номусоид буда, хавфи лағзиши тарма, резиши сангу рег боқӣ мемонад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад,то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, ба ҷамъоварии ҳезум ё чорвочаронӣ нараванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала