Қувайт дар Душанбе сафорат мекушояд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДворец нации в городе Душанбе
Дворец нации в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Ин масъаларо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Маҷдӣ аз-Зафирӣ бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Маҷдӣ аз-Зафирӣ бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири тоҷик номаи Рустами Эмомалиро ба раиси маҷлиси Қувайт расонид
Гуфта мешавад, ки дар суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар ин суҳбат, аз ҷумла масъалаи кушодани Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуда, ки бо ишора ба муносиботи неку ҳасанаи ду кишвар, тарафҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи оливу баланд ва кашфи роҳҳои ҷадид барои густариш ва таҳкими бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф таъкид кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала