Вокуниши Кремл ба таҳқире, ки Байден нисбати Путин раво донист

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксКрасная площадь в сумерках, архивное фото
Красная площадь в сумерках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Кремл ба таҳқири Владимир Путин аз ҷониби кишвардори Амрико Ҷо Байден посух гуфт
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков иддаҳои таҳқиромези Ҷо Байден дар нисбати кишвардор Владимир Путинро шарҳ дод.
Ба изҳори Песков, чунин тарзи муносибати Вашингтон бозгӯи он аст, ки ин давлат тарафдори барқарор кардани муносибати хуб бо Русия нест. Ва илова кард, ки Маскав минбаъд аз рӯи ҳамин далелҳо рафтор хоҳад кард.
"Инҳо изҳороти хеле бади президенти Амрико мебшанд. Вай бешубҳа намехоҳад муносибатро бо кишвари мо беҳбуд бахшад", - гуфт сухангӯи Кремл.
Песков мегӯяд, маълм нест, ки худи Владимир Путин ба ин иттиҳомот мутаваҷҷеҳ мешавад ё на.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта, раисҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо ABC News аз муносибати худ бо Владимир Путин хабар дод.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Байден кишвардори Русияро "қотил" номид
Ӯ дар рафти сӯҳбат ошкоро кишвардори Русияро "қотил" номид.
Қаблан, раисҷумҳури Амрико, Русияро дар ҳамлаҳои кибернетикӣ, дахолат дар интихобот, ҳабси Навалний муттаҳам карда, дар бораи амалҳои ҷавобии ИМА гуфт.
"Мо бидуни дудилагӣ Русияро маҷбур мекунем, ки ба манфиатҳои муҳими мардуми мо посух гӯянд ва ҳимоя кунанд. Ҳангоми кор дар эътилоф ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар шарикони ҳамфикр мо дар муносибат бо Русия муваффақтар хоҳем буд", - боварӣ дорад Байден.
Ҳамчунин Байден эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои Амрикоро аз Олмон боз медорад ва дар Шарқи Наздик фаъолтар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала