Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

“Файзканд” барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд

© ФФТВосейский «Файзканд», одержав волевую победу над кулябским «Равшаном» (3:1)
Восейский «Файзканд», одержав волевую победу над кулябским «Равшаном» (3:1)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дастаи футболи “Файзканд”-и Восеъ дар финали Лигаи футболи ҷумҳурӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб пирӯз ва ғолиби мусобиқа шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 19 март дар шаҳри Гулистон мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Футболбози Истиқлол дар финали Ҷоми ФФТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Ҳайати яккачини кишвар барои рақобат бо Муғулистон маълум шуд
Манбаъ афзуд, дар мусобиқа 11 даста иштирок карданд. Аз ҷумла “Истаравшан” (Истаравшан), КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) миёни ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар маҷмуъ дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шудаст.
Кумита иттилоъ дод, ки ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро тимҳои вилояти Хатлон ишғол карданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ғолиб шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар тими мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Ташкилотчиёни мусобиқа, ҳамчунин беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон аз тими “Хатлон” гардид. Доробҷон Эргашев аз “Файзканд” беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров аз тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Беҳтарин ҳамлавар Наврӯз Рустамов аз тими “Равшан” ва беҳтарин футболбоз Маҳмадалӣ Содиқов аз “Файзканд” эътироф гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала