Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Намоҳанги Манижа дуюмин номдортарин аз миёни иштирокдорони Евровидение шуд

© Sputnik / Максим БлиновРоссийская певица Манижа Сангин
Российская певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Ҳоло намоҳанги Манижа Сангин, ки Русияро дар Евровидение дар Ротердам намояндагӣ мекунад, 4,5 миллион бор тамошо кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Намоҳанги Russian woman, ки бо он Манижа Сангин, тоҷикдухтари муқими Русия дар озмуни Евровидение баромад мекунад, аз миёни иштирокдорони ин мусобиқа дуюмин машҳуртарин арзёбӣ мешавад.
Ҳоло намоҳанги ӯ дар шабакаи YouTube беш аз 4,5 миллион тамошобин пайдо намудааст. Дар ҳоле, ки таронаи ӯ ба ин шабака рӯзи 10 март роҳ ёфт ва аз ин миён танҳо 9 рӯз сипарӣ шудааст.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижа барои Евровидениеро санҷид: ягон қонуншиканӣ нест
Ҳоло дар радабандии машҳуртарин намоҳанг, ки бояд дар Ротердам садо диҳад, гуруҳи Hurricane - и Сербия бо суруди Loco Loco мебошад. Аммо намоҳанги ин гурӯҳ рӯзи 5 март ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва то ин муддат онро  4,7 миллион бор тамошо кардаанд.
Зимнан, номояндаи кишвари Молдов бо касби 1 миллион бинанда дар мақоми сеюм ҷой гирифт.
Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон аст, ки пас аз нашри клипҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯҳрат пайдо намуд.
Моҳи декабри соли 2020 Манижа аввалин сафири хайрхоҳи СММ оид ба гурезагон аз Русия интихоб шуд.
Озмуни Евровидение - 2021, ки соли гузашта бинобар пандемия лағв шуда буд, имсол 18-22 май дар Роттердам бо иштироки ҳунармандони 41 кишвар баргузор мешавад.
Невзоров: cуруди Манижа барои Евровидение як санҷише шуд, ки Русия аз он нагузашт
Иштироки Манижа Сагин дар озмуни мазкур чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон баҳси гармеро ба бор овард. Бисёриҳо ҳунари Манижаро воло арзёбӣ карда ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд мекунанд. Вале иддае ба бурди ӯ хушбин нестанд ва шадидан аз иштироки ӯ дар ин мусобиқа изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон аксар ҳунармандон ҷонибдори Манижа буда, бар ин боваранд, ки ӯ дар ин озмуни ҷаҳонӣ ҳатман соҳиби ҷойи намоён мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала