Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо муовини сарвазири Қазоқистон

© © Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини сарвазири Қазоқистон Роман Скляр ба рушди ҳамкориҳои ду кишавр хушбинанд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини сарвазири Қазоқистон Роман Скляр мулоқот кард.
Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Сельскохозяйственная современня теплица в колхозе Дустобод-2 Спитаменского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Кишоварзони Турсунзода бо ширкати ТОО "НТРС" Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд
Гуфта мешавад, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2020 - 909,8 миллион долларро ташкил намуд.
Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳаҷми 152,2 миллион доллар ва аз Қазоқистон ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми 757,5 миллион доллар молу маҳсулот содирот карда шудааст.
Зикр гардид, ки новобаста аз натиҷаҳои ба дастомада то ҳол имконият байни ду кишвари дӯст пурра истифода нашудаанд.
Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд
Ҷонибҳо зимни мулоқот иброз доштаанд, ки ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар заминаи сиёсати муваффақонаи сарони ҳарду давлат тақвият ёфта, минбаъд низ имконот мақсаднок истифода бурда хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки пештар намояндагони ширкати ТОО "НТРС" бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода боздид карда барои ҳамкорӣ бо онҳо изҳори омодагӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала